Гурӯҳи калони наворбардорони ширкати телевизион ва радиои “Айгак”-и Қазоқистон аз аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд дидан намуда бо раиси шаҳр суҳбат хоҳанд кард.
ДУШАНБЕ, 2 мая – Sputnik. Як гурӯҳи калони наворбардорони ширкати телевизион ва радиои “Айгак”-и Қазоқистон ба шаҳри Хуҷанд меоянд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.
Бино бар иттилои манбаъ, гурӯҳи наворбардорони телевизиони Қазоқистон санаҳои 6-8 майи соли равон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд дидан хоҳанд кард.
Манбаъ қайд намудааст, ки меҳмонони қазоқ аз Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Суғд, бозори марказии “Панҷшанбе”, Боғи Камоли Хуҷандӣ, Маҷмааҳои “Шоҳ Исмоили Сомонӣ”, “Истиқлол”, “Роҳи танобӣ”, киштии рамзии “Темурмалик” ва ғайраҳо боздид намуда, бо вазъи зиндагии мардуми маҳаллаи “Шимкент”-и шаҳри Хуҷанд ошноӣ пайдо менамоянд.
Инчунин, қарор аст зимни боздид гурӯҳи калони наворбардорони ширкати телевизион ва радиои “Айгак”-и Қазоқистон бо Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода низ дидор ва муоқот намоянд.